Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон дар Тоҷикистон аз 3 апрел оғоз гардида то 5-уми апрел идома ёфт.
Қобили қайд аст, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, олимону зиёиёни илмӣ ва эҷодии ҳарду мамлакат дар мавзуи «Махдумқулӣ Фароғӣ — тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» ҳамоиш баргузор гардид.
Инчунин, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар намоиш намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии Турманистон, аз қабили мусаввараҳо, қаламкашиҳо, созҳои мусиқӣ, зарфҳои муосир, қолинҳои гуногунҳаҷми абрешимӣ, ҷомаҳо, рӯймолҳо, китфпӯшҳо, рӯйҷоҳои мунаққаш, ороишоти занона ва аксҳое, ки инъикосгари таърихи қадим ва муосири Туркманистон мебошанд, манзури тамошобинон гардонида шуд.
Боиси фараҳу шодист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо ҳамроҳии Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад», ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор гардид, ҳузур доштанд.
Дар идома иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон гардониданд.