Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 18 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов фаъолона иштирок намуда, 4 нафар сазовори ҷоиза ва туфаҳои хотиравии озмун шуданд. Аз ҷумла, омӯзгори сози най Фазлиддин Одинаев дар номинатсияи иҷрокунандагии созӣ соҳиби мақоми баландтарин- «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид. Дар ин хусус директори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб Шариф Бедаков зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб студияи сабти овоз амал менамояд, ки дар он аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷўён созҳои санъати тоҷик таълим дода мешаванд.
Ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб 106 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 63 нафар тариқи рӯзона ва 43 нафар ғоибона ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Шариф Бедаков зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли таҳсили 2023 — 2024 тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба Коллеҷ бояд 80 нафар дохил мешуд, аммо, мутаассифона, танҳо 37 нафар дохил гардид.
Мавсуф яке аз сабабҳои кам дохил шудани донишҷӯёнро ба Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба набудани хобгоҳ дар коллеҷ рабт дод.
АКС: АМИТ «Ховар»