Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия дар равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад

Тавре қаблан хабар додем, аз 16 то 18 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми фарҳангҳои муттаҳид баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок намуда, бо ҳамтои худ- Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2024-2026-ро ба имзо расониданд. Дар робита ба имзои ин барнома имрӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Санади баимзорасида таҳияи барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ, боздиди осорхонаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таълим ва ҳамкории байни донишгоҳҳо, бахши китобхона ва ҳифзи мероси фарҳангиро дар бар мегирад. Он метавонад барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои муштарак ва равобити фарҳангӣ заминаи хубу мусоид фароҳам оварад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз иштирок дар Форуми фарҳангҳои муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин ҳамоиши бузургро оғози имконияти ҷадид ва марҳилаи нав барои густаришу пешбурди бахшҳои мухталифи фарҳангии мамлакат ва таҳкими равобити дӯстонаи байни давлатҳо номид.
Имрӯз фарҳанг ва андешаи фарҳангӣ дар афкори умуми аксари давлатҳои ҷаҳон инъикос ёфта, Гуфтугӯи фарҳангӣ ё фарҳанги дипломатия ва нақши дӯстӣ («Cultural Diplomacy and the Role of Friendship») аллакай ҷойгоҳи воқеии худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намудааст.
Бинобар ин моро зарур аст, ки бо истифода аз соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории фарҳангиро, ки сабаби таҳкими равобити байни давлатҳо ва тақвияти пайвандҳои минтақавию ҷаҳонӣ мегардад, вусъат бахшем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *