1 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар доираи сафар ба минтақаи баҳри Эге бо волии вилояти Айдин Якуп Ҷанболат мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани тамосҳои мустақим байни минтақаҳо ва тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *