Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ.
Созишнома 28 ноябр зимни ташрифи намояндагони Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Русия ба Академияи идоракунии давлатӣ аз ҷониби ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва ректори Донишгоҳи федералии Урал Виктор Кокшаров ба имзо расид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи ду муассиса ҳамчун ҷузъи муҳими рушди иқтидори илмӣ ва зеҳнии онҳо иброз намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ ва шарикии ин ду муассисаи олии таълимӣ сабаби баланд гардидани иқтидори илмӣ ва илмиву таҳқиқотии онҳо гашта, дар оянда қадами устуворе барои густариш ёфтани ҳамкории байналмилалии онҳо мегардад. Инчунин ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои муштарак, аз қабили симпозиумҳо, тренингҳо, машғулияти такмили ихтисос ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Меҳмонон бо синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи илмӣ, парки технологӣ, марказҳои омӯзишие, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтаанд, инчунин дастовардҳои илмию технологӣ ва фарҳангии он шинос шуданд.