Аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Бо мақсади амалисозии созишномаи байнидавлатии Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ аз 16- ум то 18- уми октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Зимни чорабинӣ рӯзи 16- уми октябр вохӯрии вазирони фарҳанги ду кишвар дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар Майдони 800 солагии Москва, инчунин Маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.Рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 17- уми октябр боздиди ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
...