Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Аз 11-ум то 16-уми ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷараён дорад.Дар ин доира баҳри таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири иттилоот ва фарҳанг ва вазири давлати оид ба корҳои ҷавонон, инчунин бо Раиси Шӯрои миллии Кувайт оид ба фарҳанг, санъат ва адаб мулоқот намуданд.Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуданд.Лозим ба ёдоварист, ки ин шом маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт бо намоиши аксу мусаввараҳо оғоз мегардад.
...