Хабарҳо

Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ гардид
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ гардид

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Эълони озмун
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Эълони озмун

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ - 1ҷой - таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ; - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг; -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ; -донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хори...
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

02.01.2025 https://www.president.tj 2 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо», «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ», Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонунҳои баимзорасида ба рушди устувору босуръати иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ...
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Президент, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, Хабарҳо

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд. 4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъат ва ҳунар чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якуму дуюми Озму...
АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

"Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд". ...
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
АСОСӢ, Вазир, Паём, Президент, Хабарҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

28.12.2024 шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ...
26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 ва нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сипас лоиҳаҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид. Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2025-2029 ва ташкил намудани Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» барра...