Хабарҳо

АСОСӢ, Хабарҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Август 22, 2024 19:00 22.08.2024, шаҳри Душанбе Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Дӯстони азиз, Пеш аз ҳама, мехостам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам бори дигар меҳмони азизамон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро самимона хайрамақдам гӯям. Мо сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич, рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ менамоем. Зимни музокироти эътимодноки имрӯза мо азми худро ҷиҳати минбаъд низ идома додани муколамаи мунтазами сиёсӣ тасдиқ намудем. Аз рӯйи натиҷаи музокирот якчанд санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба таври назаррас таҳким мебахшанд. Аҳамияти таърихии баимзорасии Аҳднома дар бораи...
АСОСӢ, Хабарҳо

22 август маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд. ...
Барномаи консертии гуруҳи ҳунармандони Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Суғд
АСОСӢ, Хабарҳо

Барномаи консертии гуруҳи ҳунармандони Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Суғд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии гуруҳи ҳунармандони Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Театрии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардид.
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертии Ансамбли фолклорӣ – этнографии шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертии Ансамбли фолклорӣ – этнографии шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид

Санаи 22-юми августи соли ҷорӣ дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертии Ансамбли фолклорӣ – этнографии шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо
Санаи 22-юми августи соли ҷорӣ дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи консертии Ансамбли фолклорӣ - этнографии шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Мулоқоти вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода  бо вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна мулоқот анҷом доданд.Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон баррасӣ шуданд.Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад. ...
Пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири шаҳири қазоқ -Абай Кунанбоев дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо, Ҳамкориҳо

Пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири шаҳири қазоқ -Абай Кунанбоев дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ

Имрӯз бо пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири шаҳири қазоқ -Абай Кунанбоев дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ расман Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна , раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим инчунин аҳли адабу зиёӣ кишвар, дӯстдорону ҳаводорони эҷодиёти Абай Кунанбоев ширкат доштанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад
АСОСӢ, Вазир, Сафарҳои дохилӣ, Хабарҳо

Нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад

Чуноне ки пештар иттилоъ дода будем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар доираи он 21 август соати 8:30 дар Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахт   нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев  гузошта мешавад.
АСОСӢ, Сафарҳои дохилӣ, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистондар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷ пайваста густариш меёбанд, ки онҳо баҳри пешрафту муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор мегузоранд.Дар ин робита баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли гузашта, ки бори нахуст бо шаклу услуби нав ва ҷалби теъдоди зиёди иштирокчиён, ташкили намоиши дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишвар бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад.Дар ин робита дар ҳошияи сафари давлатии Пр...
Филмбардор ва аккоси маъруф Заур Дахте аз олам даргузашт
АСОСӢ, Хабарҳо

Филмбардор ва аккоси маъруф Заур Дахте аз олам даргузашт

Аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи Тоҷикистон -Заур Дахте андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.Бояд қайд кард, ки Заур Дахте чун наворбардори филмҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), "Намоиш" (1976), "Мирзо Турсунзода-70" (1981), "Маликаи мо" (1983), "Вохӯриҳои моҳи сентябр" (1987) ва ғайраҳо машҳур аст.Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм иштирок кардааст. Филмҳои олии Заур Дахте оид ба сарнавишту саргузашти шоирони бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои миллӣ ворид шудаанд.Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, соли 2011 сазовори унвони ифтихории академики Акад...