Хабарҳо

“Кохи беназир” рӯнамоӣ гардид
АСОСӢ, Китобҳои электронӣ, СОХТОР, Хабарҳо

“Кохи беназир” рӯнамоӣ гардид

Китоби "Кохи беназир"-и нависанда Садриддин Ҳасанзода дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи фарҳангиён ва дӯстдорони адаб рӯнамоӣ гардид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Нишасти матбуотӣ
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, 27-уми январ, соати 08:00 бо иштироки васеи намояндагони ВАО-и мамлакат нишасти матбуотӣ баргузор гардид. и ещё 10
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
АСОСӢ, Хабарҳо

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024 ДУШАНБЕ - 27 ЯНВАРИ СОЛИ 2025 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда,  дар  ин зимн, ба натиҷаҳои назаррас  ноил гардид. ЧОРАБИНИҲО. Соли 2024 дар маҷмуъ 191 чорабиниҳо доир гардида, дар ин зимн, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, барномаи  фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Рашт, Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои муштараки “Шом...
Дар Вазорати фарҳанг ҷаласа доир ба моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид
АСОСӢ, Паём, Хабарҳо

Дар Вазорати фарҳанг ҷаласа доир ба моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид

Имрӯз, 21-уми январ  дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа маърӯзаи Вазири фарҳанг- Сатториён Матлубахон Амонзода, сармуҳарири Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи милли тоҷик” Нурмуҳамммад Амиршоҳӣ ва сардори раёсати таъбу нашр ва матбуоти вазорат -Раҳмоналӣ Мирализода  доир ба моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд. маркази матбуоти Вазорати фарҳанг   ...
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.01.2025 17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ г...
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд

Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро таъкид карда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид карда шуд. Мусоҳибон ҳамчунин ҷиҳати таҳк...
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд. Дигар санадҳои имзошуда инҳоянд: - Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон; - Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор; - Ёддошти тафоҳум ...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

16.01.2025 Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри Миллат идома ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”. Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”. Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон...
Шиносоии Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ бо осори хаттии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Шиносоии Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ бо осори хаттии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Шиносоии Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ бо осори хаттии Китобхонаи миллии Тоҷикистон и ещё 6
15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори фурудгоҳ баргузор гардид, сарони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлат...