Author: admin

МУЖДА: ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД
АСОСӢ, Хабарҳо

МУЖДА: ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД

6-уми августи соли равон дар шаҳри Москва шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Қонуни тиб" дар Озмуни XXI - уми байналмилалии "Санъати китоб" - и кишварҳои аъзои ИДМ барандаи Шоҳҷоиза шуд. Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Москва" баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф иштирок ва диломи Озмунро қабул намуд.Китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии "Энсиклопедияи миллии тоҷик" ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шуда...
Адиби шинохта-Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид
АСОСӢ, Вазир, Президент, Фармонҳо, Хабарҳо

Адиби шинохта-Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид

Таваҷҷуҳ ва талошҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси оламгир гаштани фарҳанги миллати тоҷик шуда, баҳри эҳёи осори гаронбаҳои фарзандони баруманди гузаштаву имрӯзи тоҷик пайваста чораандешӣ карда мешавад. Дар идомаи дастгириҳои ҳамешагӣ адиби маъруф Темур Зулфиқоров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд. Мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд. Қайд карда ба маврид аст, ки Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Темур Зулфиқоров аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар...
Имрӯз “Ганҷинаи мерос” соати 19:00 баргуор мегардад
АСОСӢ, Вазир, Гардиши сарватҳои фарҳангӣ, Дохилӣ, Хабарҳо

Имрӯз “Ганҷинаи мерос” соати 19:00 баргуор мегардад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии он , такомули ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ 29 августи соли 2024 Фестивали намоиши либосҳои миллиро таҳти унвони “Ганҷинаи мерос” бо ҷалби беҳтарин тарроҳони мамлакат дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Макон Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе , оғоз соати 19:00 ...
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Аз ҷумла, намояндагони зерини соҳаи фарҳанг ба чунин унвон қадрдонӣ гардиданд: Сафарзода Давлат Шариф унвони фахрии "Шоири халқии Тоҷикистон" Матхолов Абдурахмонунвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" Сатторов Мирзокаримунвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" Турсунзода Сайёдхонунвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" Усмонов Субхонунвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон" Холиков Исматуллоунвони фахрии "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон" Файзуллоев Исматуллобо медали "Хизмати шоиста" ...
Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид

Ҳайати бонуфузи Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси ин донишгоҳ доктор Алиризо Золӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик  шинос гардид. Меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷӣ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, давлатдории Сомониён ва ёдгориҳои нодири ин давра, дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик ва толори Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро ифтитоҳ намуданд
АСОСӢ, Вазир, Президент, Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро ифтитоҳ намуданд

27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд. Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, с...
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд
АСОСӢ, Вазир, Президент, Хабарҳо

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.Иншоот дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи иншооти ёрирасони Муассисаи давлатии “Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо усули балан...
Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид

Шоми дирӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз гардид.Дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок намуданд.Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.Бори аввал дар фестивали мазкур дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё аз Тоҷикистон мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок мекунад.Дар ин фестивал дастаи ҳунармандони Тоҷикистон ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ менамоянд.Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо та...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт
АСОСӢ, Муовини аввали вазир, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт

Ин шом дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ҳайати ҳунарии Муассисаи давлатии академии консертии "Қазоқконсерт" ба номи Роза Багланова баргузор гардид. Дар барнома сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ ва композитсияҳои асбобию хореографиро иҷро шуданд. Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul» ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо дод. Суруди мазкурро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев ва ҳунарманди шинохтаи қазоқ Темур Умаров бо иҷро намуданд. Қайд ка...