Бори аввал 7 ноябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Театри ҷумҳуриявӣ, ки баъдан номи устод Абулқосим Лоҳутиро гирифт, таъсис ёфта буд.
Ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистони маҳбуб – Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда мешавад.
Бахшида ба ин муносибат, имрӯз 7-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода собиқадорони театрро аёдат намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг