Санаи 29-уми октябри соли ҷорӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ноиби Президенти Конфедератсияи байналмилалии театрҳои Иттиҳоди Давлатиҳои Мустақил ва Балтика , директори генералии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба номи А.П.Чехов Цатурова Карина Сергеевна мулоқот анҷом доданд.
Дар ин мулоқот масъалаи баргузории VI –умин Форуми байналмилалии ҷавонони эҷодкор (бахусус театрҳо) соли 2027 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Боиси зикр аст, ки дар Форуми мазкур баргузории фестивали намоишҳои коргардонҳои ҷавон , намоиши маҳсули рассомони театӣ, нашри асарҳои драматургони ҷавон, ташкили вохӯриҳо бо чеҳраҳои шинохтаи театрҳои касбии ҷаҳонӣ ва гузаронида дарсҳои маҳорат бо ҷалби ҳунармандони ҷавон баррасӣ гардид.