Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз қалби Атҳам Холиқов -Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тапиш бозмонд.

Аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз марги Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон – Атҳам Холиқов андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд. Рӯҳи ҳунарманд шод ва хонаи охираташ обод бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки зиндаёд- Атҳам Холиқов аз соли 1980 то имрӯз овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупои сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо додаанд…

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *