815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж аз имрӯз то 8-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Ба ин муносибат , имрӯз аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ пешниҳод мегардад, ки он давоми ҳафта ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, ки мероси Мавлоноро амиқтар омӯзанд.

Ҳамчунин 7-уми июн Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳамияти осори Мавлоно баргузор мешавад, ки дар он дар мавзуъҳои «Ҷаҳоншиносии Мавлоно Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ ва тасаввуф», «Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ», «Ҳуқуқи башар ба ақидаи Мавлоно Балхӣ» ва «Асрори бадеӣ дар осори Мавлоно» маърузаҳои олимони маъруф аз саросари ҷаҳон манзур мегарданд.

Шоми 7-ум ва 8-уми июн таҳти унвони «Оҳангҳои ҷовидонӣ» барномаи фарҳангӣ аз осори Мавлоно пешниҳод мегардад.

Ин барнома имкон медиҳад, ки таъсири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад. Он ба олимон, санъаткорон ва оммаи васеъ имкони пурарзиш фароҳам меорад, ки ба ҳам омада, ба саҳми амиқи ӯ дар адабиёт, фалсафа ва маънавият баҳо гузоранд.

Ҳамчунин аз ҷониби тарроҳони чирадасти мамлакат намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ доир мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *