30-юми май бо дастгирии роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши театри Жас Саҳна аз шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони “Мой маленький Оскар» баргузор гардид.

Дар маросими намоиши он роҳбарияти Вазорати фарҳанг, намояндагони зерсохторҳо ва ҳаводорони сершумори санъати театрӣ ширкат варзиданд.

Қобили қайд аст, ки романи мазкур аз таърихи бемории кӯдаки 10 солае қисса мекунад, ки то охирин лаҳза умед ба зиндагӣ дорад.

Жанри намоишнома моноспектакль буда аз ҷониби ҳаводорони тоҷик истиқболи гарму самимӣ ёфт.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

30.05.2024

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *