Вохӯрии роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо роҳбарони театрҳои ҷумҳурӣ

28-уми май дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанг вохӯрии роҳбарияти Вазорат бо роҳбарон ва саркоргардонҳои 18 театрҳои касбӣ баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласа мавзӯи “Вазъи кунунии театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва масъалаҳои рушду инкишофи санъати театрӣ”- мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти ҷаласа С.Мирзоев, К.Сайфиддинов,Х.Давлатов,Д.Туробов, М.Махсумов,С.Усмонов,Э.Ҳомидов ва дигарон оид ба муаммо ва мушкилоти соҳа ибрози назар намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

28-уми майи соли 2024