Ахборот оиди ҷамъбасти даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии«Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024барои расонаҳои хабарӣ

Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, аз 1 апрел оғоз гардида, 30 апрели соли 2024 дар ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид.
Ҷамъбасти даври якуми озмун ба тариқи зайл сурат гирифт:

  1. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 751 нафар довталаб иштирок намуд, ки ба даври дуюми озмун 330 нафар (аз 12 то 17 сола 240 нафар, аз 18 то 35 сола 90 нафар) роҳхат гирифтанд;
  2. Дар вилояти Хатлон 1388 нафар довталаб дар озмун иштирок намуда, 896 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 624 нафар аз 12 то 17 сола, 272 нафар аз 18 то 35 соларо ташкил медињанд.
  3. Дар вилояти Суғд 1461 нафар довталаб иштирок намуда, ки ба даври дуюми озмун 763 нафар (аз 12 то 17 сола 526 нафар, аз 18 то 35 сола ва 237нафар) роҳхат гирифтанд;
  4. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 603 нафар (Сино-151 нафар, Исмоили Сомонӣ-160 нафар, Шоҳмансур — 165 нафар, Фирдавсӣ-127 нафар) довталаб иштирок намуданд, ки ба даври дуюми озмун 348 нафар (188 нафар аз 18 то 35 сола ва 160 нафар аз 12 то 17 сола) роҳхат гирифтанд;
  5. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1099 нафар (Турсунзода-100 нафар, Шаҳринав-100 нафар, Ҳисор-157 нафар, Варзоб -84 нафар, Рӯдакӣ -254 нафар, Ваҳдат -75 нафар, Файзобод -69, Роғун – 65 нафар, Нуробод – 40 нафар, Сангвор – 18 нафар, Рашт — 52 нафар, Тоҷикобод — 52 нафар, Лахш – 33 нафар) довталаб иштирок намуда, 418 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин теъдод 284 аз 12 то 17 сола ва 134 аз 18 то 35 сола мебошанд.

Ҳамагӣ дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *