Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир шуд

Аз 20 то 23 май дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон,  Рӯзҳои синамои Тоҷикистон баргузор гардид.  Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо намоиши филми ҳунарии классикии «Рустам ва Суҳроб» оғоз шуд.

Дар расми ифтитоҳи ин рӯзҳо  таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои синамои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то робитаю  ҳамкорӣ дар соҳаи синамо, табодули таҷриба, офаридани филмҳои муштарак ва намоиши филмҳои ватанӣ ба алоқамандони синамо ба роҳ монда шавад.

Ҷониби Озарбойҷон таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи синамо байни синамогарони тоҷику озарро амри зарурӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки робитаю муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус ҳамкории судманди синамогарон решаҳои амиқи таърихӣ доранд.

«Моро месазад, то ин ҳамкориро боз ҳам ҷоннок намоем, аз ҳамдигар биомӯзем ва таҳияи филмҳои муштаракро оғоз бахшем, ки ба манфиати ҳар ду миллат ва синамогаронамон хоҳад буд», — иброз доштанд ҳайати филмофарони Озорбойҷон.

Давоми чор рӯз барои  ҳаводорону алдоқамандони синамо филмҳои тоҷик, ба монанди филми ҳунарии классикии «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимёгаров, филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Оинаи беҷило»-и коргардон Носир Саидов ва филми мустанади «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода намоиш дода шуд.Филмҳо дар Маркази синамои ба номи «Низомӣ»-и шаҳри Боку намоиш дода шуд.Дар доираи чорабинӣ мулоқоту вохӯриҳои судманди синамогарони тоҷик бо ҳамтоёни озариашон баргузор шуд.Рӯзҳои синамои Тоҷикистон 23 май бо намоиши филми ҳунарии «Оинаи беҷило» анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *