Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Aдиль Керимли мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Озарбойҷон баррасӣ шуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг