Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон

20-уми майи соли 2024 дар Маркази фарҳангу фароғатии Ҳайдар Алиеви пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Aдиль Керимли маросими ифтитоҳи тантанавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонон карда шуд.

Чорабинии фарҳангиро ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо сухани муқаддимавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири фарҳанги Озарбойҷон ифтитоҳ карданд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Озарбойҷон — Боку ва Ганҷа доир гардид.

Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Озарбойҷон пайваста инкишоф меёбанд.

Мавриди зикри хос аст, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 20 то 24 -уми майи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷа барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику озар мусоидат мекунанд.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халҳои ду кишвар буд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *