Анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон

Санаи 23-юми майи соли ҷорӣ маросими ҷамъбастии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амирови шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

Дар чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Мурод Ҳусейнов, роҳбарияти бахши фарҳанги шаҳри Ганҷа ва директори Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амиров Ҳофизи хизматнишондода — Рамил Косимов ва ҳайъатҳои ҳунарии ду кишвари ба ҳам дӯст иштирок намуданд.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, пешкаши меҳмонон карда шуд.

Дар маросими ҷамъбастии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон карда шуд, ки барои сокинон ва меҳмонони Озарбойҷон бисёр хотирнишин буд.

Қобили қайд аст, ки аз 20-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *