Муҳтарам Раис,
Муҳтарам сарони давлатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Куба ҷаноби Мигел Диас-Канел Бермудас барои танзими ҳамоиши имрӯза изҳори сипос мекунам.
Ҳамзамон мехоҳам Кубаро ба муносибати раисии комёбаш дар “Гурӯҳи 77 ва Чин” дар соли 2023 табрик намоям.
Имрӯз тағйирёбии иқлим зимни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.
Офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд.
Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламравашро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад.
Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд.
Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.
То имрӯз аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор адади он пурра об шудааст.
Ин дар ҳоле мебошад, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Ба ин манзур идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддии манфӣ расонад.
Бешубҳа, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои рушди ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор дар ин самт заминаи муносиб фароҳам меорад.
Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи кишварҳои гурӯҳ барои мунтазам дастгирӣ намудани ин ва дигар иқдомҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об миннатдории худро баён менамоям.
Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва бар пояи муқаррароти Созишномаи Париж Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 таҳия намудааст.
Мо бар он назарем, ки айни замон яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж, ташаккули “иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли бомуваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меорад.
Айни ҳол 98 фоизи барқ дар кишвари мо аз манбаъҳои барқароршавандаи тавлиди “неруи сабз” дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
Тоҷикистон, ки аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ками ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад.
Бо назардошти ин воқеият, масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои номатлуби он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доранд.
Кишвари мо ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои “иқтисоди сабз” Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст.
Ин санад истифодаи самараноки обу замин, маъданҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин самт дар назар дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, афзоиши истеҳсоли “энергияи сабз” мебошад.
Бунёди иншооти энергетикӣ, бахусус, неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ аз қабили иқдомоти муфид дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад.
Аз пардохтҳои экологӣ, аз ҷумла андоз аз “гази карбон” озод намудани маҳсулоти алоҳида, ки бо истифода аз “энергияи сабз” истеҳсол шудааст, метавонад дар оянда заминаи ташвиқи рушди ин соҳа гардад.
Албатта, барои Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешбурди “иқтисоди сабз” танҳо бо маблағҳои буҷетӣ мушкил аст.
Дар робита ба ин, мо ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми кишварҳои пешрафта дар самти рушд ва таҳкими иқтидори кишвар дар ин ҷода манфиатдор мебошем.
Бешубҳа, ҳеҷ як кишвар, сарфи назар аз зарфиятҳояш, наметавонад дар роҳи мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба танҳоӣ муваффақ бошад.
Кишвари мо умед дорад, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд ҳам идома хоҳанд дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйир ёфтани иқлим, бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минбаъд низ саҳми худро хоҳад гузошт.
Дар фарҷом мехоҳам зикр намоям, ки мо бояд яқинан дарк кунем, ки дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо менамояд.
Дар робита ба ин, ҳамаи кишварҳои “Гурӯҳи 77 ва Чин”-ро зарур аст то барои пешрафт дар ин самт иқдомоти муштаракро роҳандозӣ намоянд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!