НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ДАР АЛМААТО

Субҳи имрӯз дар Маркази намоишгоҳии «Атакент-Экспо»-и шаҳри Алмаато маросими ифтитоҳи «Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии китоб ва интишороти Қазоқистон» таҳти унвони «Бо роҳи бузурги абрешим — 2023» баргузор шуд. Дар қатори ноширони кишварҳои Федератсияи Россия, Туркия, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Озарбойҷон ва дигарон ноширони Тоҷикистонро нашриётҳои «Адиб», «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии «Энциклопедияи миллии тоҷик» намояндагӣ мекунанд.

Ноширони тоҷик қариб сад унвон китобҳои бадеӣ, таърихӣ, публисистӣ ва донишномаҳоро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази диди алоқамандони китоб гузоштаанд. Кори Намоишгоҳ то 24 ноябр идома хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *