СОХТОР

“Кохи беназир” рӯнамоӣ гардид
АСОСӢ, Китобҳои электронӣ, СОХТОР, Хабарҳо

“Кохи беназир” рӯнамоӣ гардид

Китоби "Кохи беназир"-и нависанда Садриддин Ҳасанзода дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи фарҳангиён ва дӯстдорони адаб рӯнамоӣ гардид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Нишасти матбуотӣ
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, 27-уми январ, соати 08:00 бо иштироки васеи намояндагони ВАО-и мамлакат нишасти матбуотӣ баргузор гардид. и ещё 10
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд

Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Эронро таъкид карда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Муҳиммияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид карда шуд. Мусоҳибон ҳамчунин ҷиҳати таҳк...
Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ гардид
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ гардид

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро ифтитоҳ намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
АСОСӢ, Вазир, Паём, Президент, Хабарҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

28.12.2024 шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ...
26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 ва нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сипас лоиҳаҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид. Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2025-2029 ва ташкил намудани Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» барра...
Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат
АСОСӢ, Вазир, Хабарҳо

Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат

Санаи 25-уми декабр дар шаҳри Ваҳдат Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин ҷаласа масъалаи натиҷагирӣ аз рафти маниторинг оид ба вазъи муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мушкилоту муаммоҳо ва роҳи ҳал баррасӣ гардиданд.