Дар Вазорати фарҳанг ҷаласа доир ба моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид

Имрӯз, 21-уми январ  дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа маърӯзаи Вазири фарҳанг- Сатториён Матлубахон Амонзода, сармуҳарири Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи милли тоҷик” Нурмуҳамммад Амиршоҳӣ ва сардори раёсати таъбу нашр ва матбуоти вазорат -Раҳмоналӣ Мирализода  доир ба моҳияти  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.

маркази матбуоти Вазорати фарҳанг  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *