Мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Цзи Шуминь дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 27-уми ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Цзи Шуминь дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Дар мулоқот оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин , ки дар моҳи апрели соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Инчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *