Ифтитоҳи Намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон – рассомон, бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30 – юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов

Санаи 01.11.2024 маросими ифтитоҳи Намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон – рассомон, бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30 – юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов”, баргузор гардид.
Намоишро бо сухани муқаддимавӣ директори коллеҷи рассомӣ Сироҷиддин Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, аз эҷодиёти устодон, рассомон ва фаъолияти пурсамарашон дар соҳаи санъати тасвирӣ ёдовар шуд.
Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, Раиси Иттифоқи Рассомон Ҳамидова Наргис, ки аз дастовардҳои назарраси рассомон дар ҷодаи эҷодиёт табрик гуфта қайд намуданд, ки дар ҳақиқат барои қабули Конститутсия ва сохтани давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, инчунин дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намудани кишвари азизамон – Тоҷикистони азиз хизматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва боиси таҳсин аст.


Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *