Санаи 28-уми ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот анҷом доданд.
Дар ин доира ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам густариш меёбад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг