25-уми ноябри соли 2024 дар кинотеатри “Наврӯз” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Беларус дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Намоиши филми ҳунарии «Қалъаи сиёҳ» оғозбахши Рӯзҳои синамои Беларус гардида, алоқамандони синамо бо завқи том филмро тамошо намуда, аз маҳсули эҷодии синамогарони беларус бархӯрдор шуданд.
Мухлисон ва дӯстдорони синамо муддати ду рӯз имкон доранд, ки филмҳои истеҳсоли Беларус-филми ҳунарии “Қалъаи сиёҳ” коргардон К.Кузин, филми мустанади “Орзуи қаҳрамон ” коргардон В.Мороз ва филми тасвирии “Суруди Сирин” коргардон Е.Туроваро тамошо намоянд.
Хотирнишон менамоем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-ум то 27-уми ноябри соли 2024 дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг