Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Намоишгоҳи адабӣ-ҳуҷҷатӣ бо номи “Бо хуни дил” ифтитоҳ гардид.
Номи намоишгоҳ аз маҷмӯаи ашъори шоирони Беларус гирифта шуда, сатрҳои шоиронаи ин эҷодкорон дар ҳар саҳифаи ин намоишгоҳ баръало намоён буд.
Инчунин, ҳайати Рӯзҳои фарҳанги кишвари дӯст аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг