Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун як падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширону нависандагони кишварҳои дӯст баргузор мешавад.
Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” имрӯз дар Осорхонаи миллӣ оғоз ёфт ва то 24-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукуҳ роҳбарияти Вазорати фарҳанг, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Қайд бояд кард, ки дар ин намоишгоҳ ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз кишварҳои дӯсти Тоҷикистон –Федератсияи Россия,Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон,ҷумҳуриҳои Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон бо беҳтарин намунаҳои китобҳои муассисаҳои таъбу нашри хеш ширкат меварзанд.
Имсол дар намоишгоҳ беш аз 40 ношир зиёда аз 5000 унвон китобҳои тозанашри худро дар риштаи адабиёти бадеӣ,адабиёти кӯдак,осори илмӣ,таърихи, фалсафӣ, ва фарҳангу иҷтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг