31-уми июли соли ҷорӣ, дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба иҷрои банди 4.3 Оинномаи ҲХДТ, Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024, №2 ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Дар кори маҷлис Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насим, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Содиқиён Умед ва аъзои ташкилот ширкат варзиданд.
Нахуст оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.
Ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳайати раёсати ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд.
Вобаста ба баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис Матлубахон Сатториён ба ҳайси раис ва Ҳаётзода Алиакбар ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” интихоб гардида, доир ба он қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *