Ахборот

оид ба ҷамъбасти даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии

«Тоҷикистон–Ватани азизи ман»

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тибқи муқаррароти Низомнома аз 10 то 25 июн соли 2024 дар ВМКБ – шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ бо муваффақият ҷамъбаст гардид.

Даври дуюми озмун ба тариқи зайл баргузор гардид:

аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 330 нафар 82 нафар;

– аз вилояти Хатлон аз 896 нафар 136 нафар;

– аз вилояти Суғд 763 нафар 115 нафар;

– аз шаҳри Душанбе 348 нафар 115 нафар;

– аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 350 нафар 77 нафар роҳхат гирифтанд.

Ҳамагӣ дар даври дуюми озмун 2755 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *