Мулоқот бо муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Эсенгул

Санаи 20-уми майи соли ҷорӣ дар доираи сафар ба шаҳри Ашқободи Туркманистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Эсенгул мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки Тоҷикистону Қирғизистонро риштаҳои анъанавии дӯстӣ мепайвандад, ки шароити мусоид фароҳам меорад. Илова бар ин, зикр гардид, ки дурнамои фаъолгардонии ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстона байни кишварҳоро тавассути баргузории мулоқотҳо, консертҳо, сафарҳои ҳунарии ҳунармандони муассисаҳои фарҳангии пешқадам, чорабиниҳои варзишӣ, намоишгоҳҳо, ва мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои вакилони ҷавонон боз ҳам метавон мустаҳкамтар намуд.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, ки бар пояи риштаҳои таърихии дӯстии халқҳои ду кишвар асос ёфтаанд беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *