Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки мақсад аз қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқии онҳо, дарёфти роҳҳои истифодаи дуруст ва самараноки ҳар иншооти таърихӣ, ташвиқу тарғиб ва ворид намудани онҳо ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихиро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025», ки ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии бештари мероси пурғановати ниёгонамон нигаронида шудааст, аз ҷумлаи онҳо аст. Ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дер боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори мамлакат ба ин сарзамин ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфтани 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ ва ба рӯйхати объектҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим ворид гардидани шаҳраки Панҷакенти Қадим, шаҳраки Бунҷикати Қадим, шаҳри Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ва ғайра аз таърихи куҳанбунёд ва тамаддунсози халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Таъкид шуд, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барнома барои солҳои 2021-2025 маблағи 26813,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки пурра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мебошад. Тибқи нақшаи барнома, тармиму барқарорнамоии шаш қалъа, се мақбара, як шаҳрак, ду масҷиди таърихӣ, як мадраса, як манора, як дайри буддоҳ ва як мавзеи тасвирҳои рӯисангӣ, ки дар маҷмуъ 16 ёдгории меъморӣ-бостониро дар бар мегирад, инчунин корҳои лоиҳакашӣ ва бостоншиносӣ, сертификатсия, такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ, тарҷиби мероси таърихию фарҳангӣ тавассути интишорот пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025», соли 2021 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 3375 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 390,0 ҳазор сомонӣ, соли 2022 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 6915,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 790,0 ҳазор сомонӣ ва соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 5597 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 810,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ, давоми солҳои 2021-2023 барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ 8745,0 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба нақша 57,9 фоизро ташкил медиҳад, ҷудо гардидаст, ки аз ин мутаносибан соли 2021- 1350,0 ҳазор сомонӣ, соли 2022 -2643,0 ҳазор сомонӣ ва соли 2023-4752 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо сарфи ин маблағҳо, аз ҷумла «Қалъаи Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, масҷиди таърихии «Шоҳи Хомуш» дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки «Тахти Сангин» дар ноҳияи Қубодиён, Мақбараи Хоҷа Сангхок» дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои Хоҷа Нақшрон», 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд.
То имрӯз қисматҳои муайянгардидаи ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби олимону бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси шартнома байни МД «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ва бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ кашф ва ҳафриёт шудаанд. Ҳамзамон ҷойҳои кашфгардида барои аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани ёдгорӣ болопӯш шудаанд.
Дар ҷаласа узви кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода низ маъруза намуданд.
Пас аз музокира ва саволу ҷавоб қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.