Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишнома имрӯз дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдураҳмон Ал-Маршад ба имзо расид.
Ҳадафи асосии созишнома- ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати таъмини неруи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли неруи «сабз» ва пешбурди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон мебошад.
Арзиши умумии созишнома 100 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Зимни вохӯрии Файзиддин Қаҳҳорзода ва Султон Абдураҳмон Ал-Маршад масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт баррасӣ гардида, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ изҳори омодагӣ гардид.