Сомонаи пешина | Шб, 23 Октябр 2021 / 05:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик ва боздид аз Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода

24.09.21.323 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи якчанд иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ  роҳбарият ва фаъолони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуданд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ навсозӣ ва дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан, ба монанди “Кипарис”, “Мажевелник”, “Серенаи ҳиндӣ” ва “Каштан” шинонида шуда, ҳамчунин ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зиннат мебахшанд.

Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба таври муосир роҳандозӣ гардидааст. 2250 метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди ин макони фарҳангӣ бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш карда шудааст.

Иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур шароити мусоид барои гузаронидани барномаҳои фарҳангӣ, истироҳати сокинон ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, қомат афрохтани Амфитеатри зебову замонавӣ барои гузаронидани консерту дигар чорабиниҳо имконият фароҳам намуд. Ҳамчунин дар боғ барои гузаронидани тамрину сабқатҳои варзишӣ як майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шудааст.

Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои навсозӣ таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи имконияти бозиву фароғати кӯдакону наврасон зоҳир карда шуд. Аз ин ҷост, ки дар ҳудуди боғ аттраксионҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва дар масоҳати 500 метри мураббаъ майдони алоҳидаи бозиҳои гуногун ташкил гардид.

Барои сокинону меҳмонон дар дохили боғи фарҳангӣ нуқтаи алоҳидаи хӯроки умумӣ ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст.

Аз ду тарафи боғ даромадгоҳ бо услуби баланди меъморӣ ва ороишоти зебо бунёд ёфта,  атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.

Дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатӣ фаввораҳои замонавӣ бо шаклу услуби хосса сохта шудаааст.

Хусусан шомгоҳон боғи мазкур барои сайру гашти мардум мавзеи ниҳоят мувофиқ буда, чароғонӣ ва гуногунрангии ҳудуди боғ диққатҷалбкунанда мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки навсозии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардида, имрӯз ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои нигоҳубини дуруст ва ҳифзи ҳамаҷонибаи иншооти мазкур вазифадор намуданд.