Сомонаи пешина | Шб, 23 Октябр 2021 / 06:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Ансамбли «Зебо» дар Ҷашнвораи байналмилалии «Мӯъҷизаи рақс» дар Ӯзбекистон

14 сентябри соли 2019 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашнвораи байналмилалии «Мӯъҷизаи рақс» ифтитоҳ ёфт.

Дар ҷашнвора дар радифи намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон Ансамбли рақсии «Зебо»-и шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии рушди туризм, ҳукумати вилояти Хоразм ташкил гардидааст.

Дар доираи чорабинӣ барномаҳои консертӣ ва намоишҳои театронидашуда, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва хӯроки миллии Хоразм баргузор гардиданд.

Шоми имрӯз, яъне 16 сентябр ҷамъбасти ботантанаи фестивал бо баргузории гала-консерт дар назар аст.