ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

15 Декабри 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Иштироки Тоҷикистон дар Фестивали фарҳангӣ дар Сеул

Аз 12 то 17 декабри соли 2017 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Фестивали фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуданд.

Фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро дар фестивал гурӯҳи ҳунарпешаҳо, ки аз намояндагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, ансамбли давлатии «Шашмақом» ва ансамбли эстрадии «Гулшан» ташкил гардида буд, муаррифӣ намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон ба тамошобинони фестивал намунаҳои беҳтарини рақс ва оҳангу сурудҳои классикиву муосири тоҷикро пешниҳод намуданд, ки бо шавқи беандоза пазироӣ гардид.

Фестивали фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ

:18.12.2017 11:27:44