ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Душанбе

16 Декабри 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Ҷамъомади якҷояи Вазорати фарҳанг ва кормандони иттифоқҳои касаба

14 декабри соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Такмили шарики иҷтимоӣ дар замони муосир» ҷамъомади якҷояи Вазорати фарҳанг ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Зарина Ҳоҷиева оид ба иҷрои созишномаи соҳавӣбайни кумита ва Вазорати фарҳанг барои солҳои 2015-2017 сухан ронд.

Муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Нигора Назарова оид ба ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои касабаи кишвар дар доираи созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳори ақида кард.

Ҳуқуқшиноси кумитаи номбурда Муҳаммад Қурбонов доир ба иҷрои талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷамъбасти ҷамъомад аз таҳкими ҳамкориҳои судманд оид ба шарики иҷтимоӣ изҳори каноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ин ҳамкориҳо дар оянда боз фаъолтар карда мешаванд.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз масъулин ба суолу дархостҳои худ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ посух гирифтанд.

Ҷамъомади якҷояи Вазорати фарҳанг ва кормандони иттифоқҳои касаба

:15.12.2017 15:53:48