
-
25 - 27 октябри соли 2017
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
-
Истинод ба маъхаз (ссылка на источник)
-
23-27 сентябри соли 2017
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-27 сентябри соли 2017
-
бахшида ба Соли ҷавонон-2017
Нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
-
дар соли 2017
Репертуари театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фолнома
Интишороти ВАОДар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду китоби энсиклопедӣ муаррифӣ гардид.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» маросими муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Зикр шуд, ки дар китоби «Тақсимоти марзиву маъмурӣ» феҳристи алифбоии ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин, ҳамчунин феҳристҳои деҳаҳои ҳамном, номҳои қаблию ҳозираи онҳо ва дар бораи муҳимтарин тағйирот маълумот дода шудааст. Ин китоб таърихи замони истиқлолиятро бо ҳимоят аз фарҳанги суннати миллии номгузории кишвар ва инъикоси маҳали ҷуғрофӣ дар саҳифаҳои таърихи кишвар барои наслҳои оянда мерос хоҳад гузошт. «Донишномаи фарҳанги мардум» дар асоси «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҷилди аввали китоб соли 2015 ва ҷилди дуюми он имсол ба нашр расид. Дар китоби мазкур ҳамчун намунаи луғати муфассали фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мардум оид ба суннатҳои гуногун, аз қабили ҷашну маросимҳо, навъҳои хӯрокҳои миллӣ, тибби мардумӣ, либосҳои миллӣ ва нақшу нигорҳо маълумоти возеҳи донишномавӣ дода шудааст. АМИТ «Ховар» Сана: 19.12.2017 16:04:23 |