Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

 

3.09.2023.1Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дошт, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоти сатҳи олии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев доир гардида, Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ иштирок карданд.

Баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Остона меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев самимона гусел карданд.

3.09.2023.23.09.2023.33.09.2023.4