Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим

Peshvoi-millat-Emomali-Rahmon-04-06-2022-sh-Dushanbe04.06.2022, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Дабири кулл!
Муҳтарам Пешвоёни Эътилоф!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, шуморо барои ташрифатон ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 баргузор шуда истодааст.

Ҳадафи асосии ин чорабинӣ суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблӣ ва таҳрику ташвиқи амалҳои тоза мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди талошу кӯшишҳои зиёд, мо дар раванди дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан, дар бахши об хеле ақиб мондаем.

Татбиқи ҳадафҳои мазкур масъулияту уҳдадорӣ ва иҷрои тадбирҳои амалии навро тақозо менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки пешвоёни Эътилофи обу иқлим низ ба ин самт таваҷҷуҳи хоси худро равона сохта, дар таҳия ва пиёдасозии иқдомоти нав ҷидду ҷаҳд карда истодаанд.

Итминон дорам, ки имрӯз мо Нақшаи амали худро тасдиқ мекунем ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард.

Ин амалкард, ҳамчунин, саҳми муносиби мо дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 хоҳад буд.

Чуноне ки медонед, Конфронси соли оянда бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад.

Зимни он мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим аз мавзӯъҳои меҳварии ин ҳамоиши муҳимми ҷаҳонӣ гардад.

Қобили зикр аст, ки Конфронси Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор хоҳад дод.

Ҳозирини гиромӣ!

Низоми ҳамгироишудаи ҳалли масъалаҳои об ва иқлим барои Тоҷикистон низ хеле муҳим аст, зеро захираҳои об дар рушди устувори кишвари мо нақши калидӣ доранд.

Вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад.

Мо аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ борҳо оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд сухан гуфтаем.

Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун ки пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванд ва захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.

Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйироти иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера, то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.

Дар кишвари мо танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Сайёра ба шумор мераванд.

Мусаллам аст, ки идомаи ин раванд, бо дарназардошти афзоиши босуръати талабот ба об бар асари зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисод, ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.

Яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст. Омили дигари вобаста ба раванди мазкур ин афзоиши босуръати теъдоди аҳолии кишварҳои минтақа мебошад.

Акнун ин рақам дар як сол ҳамагӣ аз ду ҳазор метри мукааб иборат аст.

Табиист, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман дар ҷаласаи нахустинамон дар қолаби пешвоён моҳи марти соли гузашта пешниҳод карда будам, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад.

Имрӯзҳо мо ҷиҳати татбиқи ин ташаббус дар ҳама сатҳҳо корбарӣ намуда истодаем.

Итминони комил дорам, ки ин пешниҳоди бо дастгирии пешвоёни муҳтарам ба Нақшаи амал ворид гардидаи мо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ пуштибонии ҳамаҷониба хоҳад ёфт.

Эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ташкили Шабакаи муттаҳидаи глобалии иттилоотии криосфера ва механизми байналмилалӣ аз натиҷаҳои назарраси татбиқи ин ташаббус хоҳанд буд.

Ин иқдомот ба осон гардидани дастрасӣ ба иттилооти дақиқ ва саривақтӣ оид ба криосфера мусоидат менамоянд.

Ҳамаи ин натиҷаҳо барои таъсиси Шабакаи глобалии иттилоотии об, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар доираи Эътилофи мо пеш бурда мешавад, саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.

Муҳтарам пешвоёни Эътилоф!

Гузориши ба наздикӣ нашршудаи Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим таъкид менамояд, ки ин раванд назар ба интизориҳои мавҷуда суръати бештар пайдо карда,  имконияти андешидани чораҳоро маҳдуд карда истодааст.

Мутобиқшавӣ яке аз унсурҳои асосӣ дар ин раванд мебошад, ки иҷрои чораҳои вобаста ба он бояд аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳо ва дигар бозигарони калидӣ густариш бахшида шавад.

Воқеан, захираҳои об дар ҷодаи мутобиқшавӣ нақши муҳим доранд.

Онҳо, инчунин, барои коҳиш додани таҳдидҳо ва дастрасӣ ба устуворӣ бар зидди ин раванд муҳиманд.

Дар ин ҷо, мехостам таваҷҷуҳи шуморо ба як нуктаи дигар ҷалб намоям, ки нишондиҳандаи возеҳи ин гуфтаҳост.

Ин рушди соҳаи гидроэнергетика аст, ки тавликунандаи “энергияи сабз”,  мебошад.

Тибқи Гузориши Ассотсиатсияи ҷаҳонии гидроэнергетикӣ таҳкими ин соҳа, дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамчунин дар мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим метавонад нақши калидӣ дошта бошад.

Ин гузориш таъкид менамояд, ки то ду дараҷа дар ченаки Селсий (2°С) барои нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ барои давраи то соли 2050 тақрибан 850 гигаватт (ГВт) иқтидори иловагии барқи обӣ лозим мешавад.

Барои то якуним дараҷа дар ченаки Селсий (1,5°C) маҳдуд кардани болоравии ҳарорат зиёда аз 1200 гигаватт барқ зарур аст.

Ҳоло, дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва зиёда аз 600 гигаватти дигар иловатан зарур дониста мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (МВТ) идома дорад.

Ин неругоҳ, дар баробари истеҳсоли неруи барқи “сабз” ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори  захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ, хушксолӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳад дошт.

Тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 миллиард киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар “Роғун” тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз сездаҳуним миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар сурати истифода бурдани маводи нафтӣ он қариб даҳ миллион тонна ва дар мавриди истифодаи гази табиӣ зиёда аз шашуним миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, Неругоҳи “Роғун” дар коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера саҳми хеле арзанда хоҳад дошт.

Мо итминон дорем, ки масъалаи мазкур низ, бо дарназардошти аҳамияти он дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳи аъзои Эътилоф қарор хоҳад гирифт.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо нақши пешвоёни Эътилофро дар пешбурди рӯзномаи ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим муҳим арзёбӣ менамоем.

Нақшаи амали пешвоён дар ин раванд саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.

Бо истифода аз фурсат, мо бори дигар омодагии худро барои татбиқи Нақшаи мазкур ва пешбурди рӯзномаи ҳамоҳангшудаи об ва иқлим дар ҳама сатҳҳо иброз менамоем.

Конфронси оби Душанбе, Конфронси уқёнусҳо дар Португалия, иҷлосияи 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Миср ва албатта, Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 аз фурсатҳои муносибе ҳастанд, ки мо бояд аз онҳо дуруст истифода кунем.

Итминони комил дорем, ки пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан, роҳбарони сиёсӣ барои таҳким ва суръат бахшидан ба амалҳо дар ин самт саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Дар ин роҳ ба ҳамаи мо барору комёбӣ орзу менамоям!

Барои таваҷҷуҳатон ташаккур!