Сомонаи пешина | Сш, 05 Июл 2022 / 13:07
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт Маҷмааи фарҳангию фароғатии «30-солагии Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

18.04.22.116 апрел дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” бо иншооти савдо ва хизматрасонӣ бо маблағгузорӣ ва фармоиши роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” бунёд ёфта, сохтмони он бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом дода шуд. Арзиши лоиҳавии сохтмон 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар он барои 300 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Дар дохили иншоот коргоҳи банду басти хуч ва меваҳои хушк бо иқтидори коркарди як тонна мева дар як баст ба истифодабарӣ дода шуд. Фаъолияти ин коргоҳи хурд имкон медиҳад, ки меваи хуч ва дигар намудҳои маҳсулот коркард шуда, пешкаши мизоҷон карда шавад. Зарфиятҳои бахши боғдорӣ дар ноҳияи Ашт зиёд буда, ноҳия макони меваҳои шаҳдбор ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди хоҷагиҳои кишоварзии ҳамаи ҷамоатҳои деҳот 500 гектар хучзор мавҷуд мебошад. Аз ин ҳисоб танҳо дар деҳоти “Ошоба” 260 гектар замини хуч ба қайд гирифта шудааст. Майдони умумии боғоти ноҳия бошад, 17 ҳазору 300 гектар аст, ки аз он 16 ҳазору 300 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.

Сехи коркард ва банду басти намаки ошӣ бо иқтидори 5 тонна дар як баст низ аз зумраи имкониятҳоест, ки дар ҳамин маҷмаа фаъол карда шуд. Коргоҳи мазкур, ки филиали Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Намаки Ашт” мебошад, коркарди кони амалкунандаи намаки ноҳияро ба роҳ мондааст. Ба иттилои мутахассисон, намаки истеҳсолшаванда ба ҳамаи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, таъминоти сокинонро дар ин самт беҳтар мегардонад. Корхонаи “Намаки Ашт” дар як сол беш аз 10 ҳазор тонна намак истихроҷ ва аз ин ҳисоб зиёда аз 5 ҳазор тонна намаки ошии йоднок ба бозори истеъмолӣ ворид мекунад. Тибқи таҳлилҳо, захираи кони намаки ноҳияи Ашт барои 300 сол басанда аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти ин коргоҳҳо, бобати такмили кори сехҳои истеҳсолӣ ба масъулони ноҳия дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо ташкили чунин коргоҳҳои хурд метавон фарогирии сокинон бо шуғли доимиро афзоиш дода, ба воситаи коркарди саривақтӣ, талафёбии маҳсулоти кишоварзиро пешгирӣ намуд.

Бозори доимоамалкунандаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди иншоот низ воситаи муҳими бо ҷойи кори муносиб таъмин кардани сокинон мебошад. Дар ин макон барои кори мунтазами фурушандаҳо ҳамаи шароити муосир фароҳам сохта шудааст. Дар растаҳои замонавӣ сокинон метавонанд анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш гузоранд. Ин фурӯшгоҳ тибқи стандарҳои пазируфташуда бунёд гардида, кору хизматрасонӣ дар он мутобиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Иншоот аз марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ, нуқтаҳои омода кардани таом аз гӯшти моҳӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ, кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои миллӣ ва мактабӣ, хушкмеваҳои ватанӣ, сабзавот, консерваҳои хонагӣ ва ғайраҳо иборат аст. Инчунин, коргоҳи нонпазию қаннодӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар малакаҳои дастӣ, масолеҳи заргарӣ, фурӯшгоҳҳои маҳсулоти хӯрока, ошхона, ҳунарҳои оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, нуқтаҳои истеҳсоли хишти сементӣ, истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ ва нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт фаъолияти маҷмааро комил сохтааст. Бо назардошти муҳимияти рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар гӯшаҳои алоҳидаи ин маҷмаа маҳсули дастони оҳангарон ва устоҳои чирадаст ба фурӯш гузошта шудааст. Сабадбофию қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва ҷомаву тоқидӯзӣ низ дар ҳамин макон ҷойгир карда шудааст, ки воситаи хуби бо кор таъмин кардани сокинон ва ба фурӯш гузоштани маҳсули дасти онҳо мебошад.

Дар Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, инчунин меҳмонхона бо 8 ҳуҷра барои 20 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар иншооти мазкур ҳамаи шароит ҷиҳати фаъолияту истироҳати кормандону мизоҷон ба инобат гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти ин маҷмаа, ба истифода супоридани Маркази хизматрасонӣ ва ҳунармандӣ бо 300 ҷойи кориро шоёни таҳсин хонда, ба ташаббускорони ин иқдом арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Саҳни Маҷмааи “30-солагии Истиқлол” низ ободу зебо гардонида шуда, дар ҳудуди он ҳавзҳои хурди нигоҳдории моҳӣ бунёд карда шудааст. Гулзоркунӣ ва кабудизор намудани муҳити атрофи иншоот, кори фаввораҳо ва бунёди суҳбаткадаҳо ин гӯшаро аз маконҳои ободу назаррабои шаҳраки Шайдон-маркази маъмурии ноҳияи Ашт гардонидааст.