Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ иштирок намуданд

07.02.22.34 феврали соли 2021 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

Дар таҳияи ин барнома 4 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон аз 91 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.