Сомонаи пешина | Сш, 07 Декабр 2021 / 17:12
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз бахшиданд

22.10.21.121 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик дар маркази деҳоти Кангурт ҳамчунин ба корҳои сохтмонии варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони варзишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи имрӯза бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Варзишгоҳ дар майдони қариб 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохтмони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Иншоот аз ду минбар — ғарбӣ ва шарқӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин варзишгоҳ аз ҳуҷраҳои мураббӣ, назоратчӣ, ҷойи либосивазкунӣ, назорати допингӣ, нуқтаи тиббӣ, техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, мувофиқи нақша дар муҳлати кӯтоҳ бунёд хоҳад шуд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Пешвои муаззами миллат ба сохтмончиён дастур доданд, ки ба раванди корҳои бунёдӣ диққати ҷиддӣ дода, аз масолеҳи сохтмонии навъи аъло истифода намоянд, то ин ки варзишгоҳ солҳои дароз ба мардум хизмат расонад.

Ҳангоми муаррифии майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Темурмалик бунёд мегардад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот бо риояи талаботи муосири меъморӣ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 40 садяк замин сохта шуда, баландиаш бо инобати сутунпоя 40 метрро ташкил медиҳад. Андозаи матои Парчам  14 ба 7 метр аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Кангурт нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хонда, қомат афрохтани онро дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ муҳим маъдидод намуданд.