Сомонаи пешина | Ҷм, 06 Август 2021 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

18.06.2116 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчам 3 гектар буда, он аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 70, дарозии матои он 18 ва паҳноиаш бошад, 9 метрро ташкил медиҳад.

Роҳравҳои ҳудуди майдони Парчам дар масофаи беш аз 6 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он 86 чароғи равшанидиҳанда насб гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон курсиҳои нишаст гузошта шудааст.

Дар ин ҷо як фаввораи чоркунҷашакли тариқи мусиқӣ фаъолияткунанда низ бунёд ёфтааст, ки дарозии он 12 ва паҳноияш 8 метр буда, дорои 96 нуқтаи обпошӣ мебошад.

Инчунин атрофи боғи Парчам бо 8 ҳазору 900 адад ниҳоли ҳамешасабзи арчаи навъи туя девор гирифта шуда, дар ҳудуди он зиёда аз 615 адад дигар намуди дарахтони ороишии нодир, шинонида шудааст.

Масоҳати сабзкоришудаи ҳудуди боғи Парчам бошад, 190 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Қайд кадан ба маврид аст, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар ин ҷо майдончаи бозии футбол ва бозии кӯдакон сохта шудааст, ки ҷавобгуйи талаботи замони муосир мебошанд.

Масоҳати майдончаи варзишӣ 800 ва бозии кӯдакон 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар майдончаи бозии кӯдакон таҷҳизоти дилхушӣ насб гардидааст, ки он барои истироҳату фароғати хуби дӯстрӯякон мусоидат менамояд.

Ба хотири мунтазам об мондани ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ хатҳои об, обанбори захиравӣ дар ҳаҷми 50 метри мукааб ва 3 адад насоси обкашӣ насб гардидааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Данғара барои сайругашти сокинону меҳмонон рӯзона ва шабона ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ — фароғатӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид намуданд, ки дар маркази ноҳияи Данғара қомат афрохтани Парчами давлатӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва дар маҷмуъ кулли сокинони ноҳия нақши муҳим мебозад.

18.06.21.118.06.21.218.06.21.3