Сомонаи пешина | Ҷм, 06 Август 2021 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

11.06.21.310.06.2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, ман мехостам бори меҳмони азизамон, дӯстам, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев, инчунин ҳайати ҳамроҳикунандаи ӯро бори дигар дар Тоҷикистон хайрамақдам бигӯям.

Сафари расмии кунунии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли барои кишварҳои мо муҳим — сисолагии истиқлоли давлатӣ сурат мегирад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам Шуморо муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар шахси Шумо тамоми халқи мамлакати Шуморо бо ин санаи ҷашнӣ дар таърихи муосири Ӯзбекистони бародарӣ табрик намоям.

Натиҷаҳои музокироти имрӯзаро мо ҳамчун зуҳури аёнии саъйи ҷонибҳо барои таҳкими муносиботи чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни ду халқи бародар арзёбӣ мекунем.

Мо масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шакли шарикии стратегӣ ба таври муфассал муҳокима кардем, оид ба мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодулаи афкор намудем.

Мо рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар соҳаи сиёсӣ такид кардем.

Имрӯз бастаи арзишманди ҳуҷҷатҳо ба имзо расид, ки ба таҳкими заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии ҳамкорӣ равона шудаанд.

Дар ҷараёни музокирот ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва  иқтисодӣ диққати махсус дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар шаш соли охир ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳои мо, дар маҷмӯъ, сӣ маротиба афзоиш ёфтааст!

Дирӯз дар вилояти Хатлон Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ муваффақона баргузор шуд.

Натиҷаҳои ин форум ва дар маҷмӯъ музокирот дар сатҳи олӣ нишон медиҳанд, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳои калон мавҷуданд.

Маблағи умумии созишномаҳои байниҳукуматӣ, лоиҳаҳо ва қарордодҳои тиҷоратӣ, ки ҳангоми сафари кунунии Шавкат Миромоновичи муҳтарам ба Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ба беш аз як миллиард доллар мерасад.

Дар чаҳорчӯбаи робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нави муҳим мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Боварӣ дорам, ки татбиқи онҳо дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки на танҳо нишондиҳандаҳои муомилоти мол афзоиш ёбад, балки муҳимтар аз ҳама — ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва инфрасохторҳо дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон беҳтар карда шаванд.

Сухан дар бораи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тақрибии 320 мегаватт меравад, ки мо бо Шавкат Миромонович дар ин бора ду сол пеш дар Тошканд маслиҳат карда будем.

Имрӯз Созишнома ба имзо расид, ки иқдомоти муштараки минбаъдаи моро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур танзим мекунад.

Дар ҷараёни музокирот ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат таваҷҷуҳи  махсус дода шуд.

Мо ба фаъолияти корхонаи муштараки «Артел Авеста Электроникс», ки соли гузашта ифтитоҳ шуда буд, баҳои баланд додем.

Мо ба дӯстони ӯзбеки худ пешниҳод кардем, ки дар ташкили корхонаҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои фаъоли саноатии соҳавии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва металлургияи ранга, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ширкат варзанд.

Мо ҳамкориро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ кардем.

Мувофиқа кардем, ки якдигарро дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои муқоисавии бахши кишоварзии кишварҳоямон барои истеҳсоли маҳсулоти заминавии озуқаворӣ дастгирӣ кунем.

Имрӯз, мо бо дӯстам, дар шакли онлайн маркази тиббии дорои аҳамияти минтақавиро бо 200 кат, ки онро бародарони ӯзбеки мо дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон сохтаанд, инчунин мактаби таҳсилоти умумиро бо 640 ҷои нишасти талабагон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шудааст, ба кор андохтем.

Тавре Шумо медонед, соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаби нав барои 630 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки онро дӯстони ӯзбекамон сохта буданд.

Ба қарибӣ мо дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона сохтмони як муассисаи томактабиро барои 200 нафар ба анҷом мерасонем.

Ин муассисаҳои иҷтимоӣ рамзи дӯстии мо ва дастгирии мутақобила мебошанд.

Мо таҳдидҳои вобаста ба пандемияи коронавирусро  баррасӣ кардем.

Дар робита ба ин ман ба Шавкат Миромонович барои дастгириашон дар шакли кумаки муҳими башардӯстона дар шароити душвори пандемия самимона изҳори сипос менамоям.

Халқи тоҷик ба ин иқдом бо дидаи қадршиносӣ менигарад.

Равобити фарҳангӣ ва гуманитарии мо бемайлон рушд мекунад.

Намояндагони доираҳои илмӣ ва академии ду кишвар дар чорабиниҳои ташкилнамудаи ҷонибҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Пеш аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон як қатор чорабиниҳо, аз қабили мулоқоти вакилони парлумонҳо ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар, консерти устодони санъат ва Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Боварӣ дорам, ки ин чорабиниҳо ба мо имкон медиҳанд, ки анъанаҳои неки муоширати мутақобиларо байни халқҳоямон, ки решаҳои онҳо ба умқи асрҳо фурӯ рафтаанд, идома диҳем.

Мо миннатдории худро ба Ҳукумати Ӯзбекистони бародар ва шахсан ба Шавкат Миромонович барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ — фарҳангии қисми тоҷики аҳолии Ӯзбекистон иброз менамоем.

Аз ҷониби худ, мо низ кӯшиш хоҳем кард, ки барои намояндагони қисми ӯзбеки аҳолии Тоҷикистон шароити дилхоҳ фароҳам биоварем.

Таъмини амнияти минтақавӣ — имрӯз ин масъалаи аввалиндараҷа барои кишварҳои мо ва шариконамон дар минтақа мебошад.

Дар ин замина, мо имрӯз масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллиро баррасӣ кардем.

Аҳамияти идомаи ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобилаи хадамоти махсуси мо ва идораҳои соҳавӣ дар ин самтҳо таъкид карда шуд.

Мо вазъи ташвишовари Афғонистони ҳамсояро, аз ҷумла бо дарназардошти хуруҷи неруҳои низомии эътилофи кишварҳои ғарбӣ баррасӣ кардем.

Мо дар мавриди ин ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба эҳтиёҷот ва мушкилоти ин кишвар набояд коҳиш ёбад ҳамназар мебошем.

Мо ба мувофиқа расидем, ки кӯшишҳоро барои дастгирии раванди сулҳи Афғонистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамсояи умумиамон идома диҳем.

Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунии Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳод мекунад, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв ва Афғонистон дар доираи Гурӯҳи тамоси СҲШ -Афғонистон баргузор карда шавад.

Ин платформа, инчунин барои муҳокимаи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, ки  дӯстони ӯзбек дар доираи СҲШ пешниҳод кардаанд, хидмат хоҳад кард.

Мо ба Ӯзбекистон барои дастгирии раёсати мо дар СҲШ изҳори миннатдорӣ мекунем.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

Мо қайд кардем, ки обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт метавонад пайомадҳои манфӣ дошта бошад.

Мо аз дӯстони ӯзбеки худ барои дастгирии ташаббусҳои мо дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо сипосгузорем.

Кишварҳои мо дар ин самт дар заминаҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дар фарҷом, мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифтанд, изҳор намоям ва ба меҳмонони азиз будубоши фараҳбахшро дар мамлакатамон таманно кунам.

Боварӣ дорам, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дӯст ва бародари ман Шавкат Миромонович Мирзиёев дар таърихи ғании муносиботи ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард.

Ва акнун, бо камоли хушнудӣ суханро ба муҳтарам Шавкат Миромонович медиҳам.

Марҳамат, Шавкат Миромонович.

***

Ташаккур, муҳтарам Шавкат Миромонович,

Ман дар нахустин фурсати муносиб, бо мамнунияти саршор даъвати Шуморо барои ташриф овардан ба сарзамини файзбори Ӯзбекистони бародар истифода хоҳам кард.