Сомонаи пешина | Шб, 23 Октябр 2021 / 06:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз шуд

03.06.21.12 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Баробари ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо нишони эҳтироми хос нисбат ба меҳмони олимақом 6 ҳавопаймои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Покистон ҳавопаймои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро то вуруд ба фурудгоҳи шаҳри Исломобод ҳамроҳӣ карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.